Октябр 26, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз давлат ва миллати Ироқ дар мубориза бо терроризм

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Эрон дар масири мубориза бо терроризм ва ҳифзи тамомияти арзии Ироқ, ҳамвора дар канори давлат ва миллати ин кишвар буда ва хоҳад буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, дар дидори Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ дар Теҳрон гуфт: Мубориза бо терроризм ва рӯйкардҳои таҷзияталабонае, ки ба якпорчагии миллӣ ва тамомияти арзии Ироқ латма мезанад, бояд ҳамчунон дунбол шавад .

Рӯҳонӣ тадбири давлати марказии Бағдодро дар масъалаи минтақаи Курдистон, ки эҷод накардани таниш ва таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи миллии мардуми ин минтақа буд, тадбире қобил таваҷҷуҳ донист .

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин гуфт: Теҳрону Бағдод метавонанд равобиту ҳамкориҳои худро дар ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва илму фанноварӣ густариш диҳанд .

Нахуствазири Ироқ низ дар ин дидор равобити Ироқу ҷумҳурии исломии Эронро дӯстона ва мустаҳкам баршумурд ва бар зарурати тавсеаи равобит ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Эрону Ироқ таъкид кард .

Ҳайдар Алъибодӣ ҳамчунин гуфт: Мардуми Ироқ бо ҳифзи ваҳдат ва дар канори ҳам бояд дар баробари тавтеаҳое, ки алайҳи ин кишвар тарроҳӣ мешавад, истодагӣ кунанд .

 

Барчасп