Камолвандӣ: Парвандаи бозрасӣ аз марокизи низомии Эрон барои ҳамеша баста шудааст
(last modified Sat, 28 Oct 2017 12:44:40 GMT )
Октябр 28, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Парвандаи бозрасӣ аз марокизи низомии Эрон барои ҳамеша баста шудааст

Сухангуи Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард: Мавзуи бозрасӣ аз марокизи низомии Эрони як бор барои ҳамеша баста ва ба муҳри Шӯрои ҳуккоми Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ муҳршуда шудааст.

Беҳрӯзи Камолвандӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё Юкиа Амано, мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ заминасози мутолиботи ғайриқонунии Амрико барои бозрасӣ аз манотиқи низомӣ Эрон аст, гуфт: Хабаргузории Ройтерс дар ин бора хабарсозӣ карда ва аслан ин тавр набуд, ки мавозеи Амано ингуна бошад, зеро у эълом кардааст, ки “мавзуе ба унвони бозрасӣ аз марокизи низомӣ дар БАРҶОМ вуҷуд надорад”.

Сухангуи Созмони энержии атомии Эрон бо баёни инки вақте дар ҷое ҳечгуна фаъолияти ҳастаӣ сурат намегирад, далеле бар вуруд ба онҷо вуҷуд надорад, афзуд: Дар солҳои гузашта дар расонаҳои байналмилалӣ бо таблиғоти бепоя вонамуд карданд, дар сайти Парчин дар ҷануби шарқи Теҳрон фаъолиятҳое сурат мегирад ва дар ниҳоят Эрон як бор барои ҳамеша ба ин мавзуъ поён дод ва ин парванда баста шуд ва Шӯрои ҳукком низ онро тайид кард .

Камолвандӣ дар бораи аҳдофу барномаи сафари Амано ба Теҳрон изҳор кард: Масъулони эронӣ ба таври давраӣ бо масъулони Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар бораи мавзуъҳои мухталиф аз ҷумла масоили муртабит бо БАРҶОМ, мавзуоти подимонӣ ва масоили протоколӣ дидору гуфтугӯ мекунанд .

Мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи шанбе вориди Теҳрон мешавад ва фардо бо раиси Созмони энержии атомии Эрон ва бархе мақомҳои дигар дидору гуфтугӯ мекунад .