Номаи Эрон ба Шӯрои Амният дар пайи таҷовузи Амрико ба хоки Эрон
-
Номаи Эрон ба Шӯрои Амният дар пайи таҷовузи Амрико ба хоки Эрон
Порс-Тудей. Намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар пайи таҷовузи имрӯзи Амрико ба хоки Эрон, дар номае ба Шӯрои Амният, хостори баргузории нишасти изтирорӣ шуд.
Намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар пайи ҳамлаи Амрико ба хоки Эрон, дар номае ба Шӯрои Амният эълом кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ин аъмоли таҷовузкорона, бидуни таҳрики қаблӣ ва аз пеш тарроҳишударо ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум мекунад.
Ба гузориши Порс-Тудей, намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин номае хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният ва маҳкум кардани ин ҳамла ба шадидтарин ваҷҳи мумкин шуд.
Матни номаи намояндагии Эрон дар Созмони Милал ба ин шарҳ аст:
Дар соатҳои аввалияи бомдоди рӯзи 22 июни 2025 (ба вақти маҳаллӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамоҳангии комил бо режими Исроил, ки дар ҳамон замон дар ҳоли бомбаборони ғайринизомиёни эронӣ ва зерсохтҳои ҳаётии кишвар буд, ба таври амдӣ, аз пеш тарроҳишуда ва бидуни ҳеҷ гуна таҳрики қаблӣ, ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи се марказу таъсисоти ҳастаии таҳти подмони Ҷумҳурии исломии Эрон дар Фурду, Натанз ва Исфаҳон анҷом дод. Билофосила пас аз он, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба сурати ошкор масъулияти ин ҳамалоти фаҷеъ ва корбурди ғайриқонунии зӯр алайҳи ҳокимияту тамомияти арзии Ҷумҳурии исломии Эронро ибтидо дар шабакаи иҷтимоии «Трус сушол» ва сипас дар як конфронси матбуотӣ дар Кохи Сафед бар уҳда гирифт.
Ҷумҳурии исломии Эрон ин аъмоли таҷовузкорона, бидуни таҳрики қаблӣ ва аз пеш тарроҳишударо ба шадидтарин ваҷҳи мумкини маҳкум менамояд, аъмоле, ки дар идомаи ҳамлаи низомии густардае аст, ки режими Исроил дар таърихи 13 июн алайҳи сайтҳову таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон анҷом дод.
Ин иқдомоти ошкори таҷовузкоронаву нақзҳои фоҳиш аз сӯи режиме, ки узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ нест, яъне режими Исроил, ки дорои зарфиятҳои ҳастаӣ эълом нашудаву фоқиди подмон, захоири таслеҳоти ҳастаӣ ва собиқае шинохташуда дар ҳамла ба таъсисоти сулҳомези ҳастаӣ дар саросари минтақа аст ва низ аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки танҳо узви Созмони Милал аст, ки то кунун дар ҷанг аз силоҳи ҳастаӣ истифода карда ва дар ду ҳамлаи муҷаззо дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонии дувум миллионҳо ғайринизомиро қатли ом намуда ва акнун ба таври ошкор таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эронро, ки ҳамвора таҳти ростиозмоии комилу назорати мудовими Ожонси байналмилалии энержии атомӣ будаанд, ҳадаф қарор додааст, иртикоб ёфтаанд.
Бетардид, таҷовузи низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи ҳокимияту тамомияти арзии Ҷумҳурии исломии Эрон, нақзи ошкору фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ва усули фармудаи байналмилалии мундариҷ дар маншури Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад; усуле, ки ба сароҳат ҳар гуна таҳдид ба зӯр ё истифода аз зӯр алайҳи ҳокимият, тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии ҳар узви Созмони Милалро мутобиқ бо моддаи 2 банди 4 маншури Милали Муттаҳид, мамнуъ месозад.
Дар ростои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон бо фаврият хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният бидуни ҳеҷ гуна таъхир, ба манзури расидагӣ ба ин иқдоми ошкору ғайриқонунии таҷовузкорона, маҳкум намудани он ба шадидтарин ваҷҳи мумкин ва иттихози тамомии тадобири лозим дар чорчӯби масъулиятҳои муҳаввала ба шӯро бар асоси маншури Милали Муттаҳид мебошад то муртакиби ин ҷиноёти фаҷеъ ба таври комил мавриди муохиза ва бозхост қарор гирад ва бидуни муҷозот намонад.