Август 17, 2016 16:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории муштараки Теҳрон, Маскав ва Димишқ зидди терроризм

Сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Ҳамкории Эрон, Сурия ва Русия зидди тероризми такфирӣ рӯ ба пешрафт аст.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Хабаргузории донишҷӯёни Эрон – ИСНА, Кайвони Хусравӣ, сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар бораи ҳамкории Эрон ва Русия дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия гуфт: Ҳамкории Эрон, Русия, Сурия ва ҷабҳаи муқовимат, зидди ҷараёни террористии такфирӣ дар Сурия аз муддатҳо пеш оғоз шудааст.

Вай афзуд: Аз оғози ин ҳамкориҳо, дидорҳо ва рафту омадҳои зиёде байни кишварҳои узви ин ҳамкорӣ дар сатҳи олии сиёсӣ, амниятӣ ва фармондеҳони изомӣ анҷом шудааст.

Сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин гуфт: Ҳамкории дақиқ ва муносибе бо тавваҷуҳ ба манофеи муштараки Эрон, Русия ва Сурия вуҷуд дорад ва зарфиятҳои низомӣ, иттилоотӣ, фармондеҳӣ, омӯзишӣ ва сарзаминии Эрон, Русия ва Сурия дар ихтиёри ин ҳамкории муштарак қарор гирифтааст.