Октябр 30, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Эъломи меҳварҳои нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон меҳварҳои нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки қарор аст, чаҳоршанбеи ин ҳафта дар Теҳрон баргузор шавад, эълом кард.

Баҳроми Қосимӣ дар нишасти хабарӣ афзуд: Баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ, мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба аз меҳварҳои ин нишаст аст  .

Ӯ таъкид кард: Ин нишаст фурсати бисёр хубест, то мақомҳои олирутба дар бораи маҷмуаи масоиле, ки ҳар се кишвар ва минтақа бо онҳо рӯ ба рӯст, ройзанӣ ва мушовираи ҷиддӣ дошта бошанд .

Қосимӣ дар бораи Иҷлоси ҳафтуми Остона, ки бо меҳварияти масъалаи Сурия имрӯз  дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд низ ибрози умедворӣ кард, тафоҳуми лозим байни се кишвари Эрон, Русия ва Туркия ҳосил шавад, то гоми самарбахше дар кумак ба мардуми Сурия ва суботу амнияти минтақа ҳосил шавад .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Минзудоӣ ва минёбӣ ва мубодилаи зиндониён, ду мавзуи асосӣ дар Иҷлосии ҳафтуми Остона аст .

Қосимӣ ҳамчунин ба изҳороти Одил Алҷабир, вазири умури хориҷаи Арабистон мабнӣ бар инки агар кумакҳои Эрон ба ҳусиҳо набуд, ҷанг дар Яман тамом шуда буд, вокуниш нишон дод .

Ӯ гуфт: Суханони мақомоти Арабистон зоҳиран табдил ба одат шуда, ки қобили тарк нест ва мақомоти ин кишвар одат доранд, ки мушкилоти худашонро бо фарофиканӣ ва кашидан пои дигарон ба мавзуъ, посух диҳанд .

Қосимӣ дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Арабистон дар Созмони милал, ки гуфта буд, Эрон сиёсати табъизи нажодиро зидди мардуми ғайрифорсизабони кишвар эъмол мекунад, афзуд: Бархе мақомоти Саудӣ бо таваҷҷуҳ ба буҳронҳои мутааддиди минтақаӣ ва байналмилалӣ саъй дар эҷоди душмани фарзӣ доранд ва эронҳаросӣ мекунанд, ки албатта муваффақ ҳам набудаанд .