Октябр 31, 2017 16:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти Ҳинд ба Афғонистон аз масири Эрон

Ҳинд нахустин маҳмулаи гандуми худро аз тариқи бандари Чобаҳор, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон ба Афғонистон содир кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳинд бо ирсоли нахустин маҳмулаи гандум ба Афғонистон аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон ба он чӣ масъулони ин кишвар дар солҳои ахир исрор доштанд, амал кард. Дар солҳои ахир, пас аз мухолифати Покистон бо убури колои Ҳинд ба мақсади Афғонистон аз хоки ин кишвар Деҳлии Нав ба дунболи ёфтани роҳҳале барои ин мушкил буд. Маҳмулаи гандуми Ҳинд, ки аз иёлати Гуҷарат ба бандари Чобаҳори Эрон фиристода шуд, қарор аст, аз тариқи роҳи заминӣ ба Афғонистон таҳвил дода шавад, ки ин амр Покистонро аз фазои тиҷорати миёни Ҳинду Афғонистон хориҷ мекунад.

Нарендро Моди, нахуствазир ва Сушма Сувараҷ, вазири умури хориҷии Ҳинд дар паёмҳои ҷудогонае бо табрики ирсоли аввалин маҳмулаи гандуми ин кишвар ба Афғонистон аз масири Эрон ин иқдомро нуқтаи атфе дар оғози содироти Ҳинд ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ донистанд. Агарчи аввалин маҳмулаи гандуми Ҳинд ба Афғонистон пас аз вуруд ба бандари Чобаҳор аз тариқи ҷода ба Афғонистон мунтақил хоҳад шуд, аммо бо такмили тадриҷии роҳи оҳани Чобҳор-Зоҳидон, ки ширкати ҳиндии IRCON бо сармоягузории беш аз як миллиард доллар дар ҳоли такмили он аст, тиҷорат миёни се кишвар суръати бештаре хоҳад гирифт. Ҳинд қасд дорад, бо тавсеаи бандари Чобаҳор аз тариқи бандарҳои ғарбии худ ба бозори кишварҳои Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дастрасӣ пайдо кунад.

 

Барчасп