Ноябр 01, 2017 12:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоб: Масъулияти сангину фаромӯшнашудании Фаластин бар дӯши ҳамаи дунёи Ислом аст

Раҳбари муаззами Инқилоб дар паёме ба раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат, бар идомаи мубориза бо режими мутаҷовизи саҳюнист дар роҳи озодии Қудси Шариф ва наҷоти мардуми мазлуми Фаластин таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоб имрӯз (чаҳоршанбе) дар паёме ба раиси Иттиҳоди уламои муқовимат, бар зарурати идомаи мубориза бо режими ҷинояткори саҳюнистӣ таъкид карданд.

Матни паёми Раҳбари Инқилоб ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Олими ҷалил ҷаноби оқои шайх Моҳир Ҳамуд , раиси муҳтарами Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат.

Салом бар Шумо ва ҳамаи ҳуззори муҳтарами конфронси Иттиҳоди уламои муқовимат.

Масъуляти сангину фаромӯшнашудании Фаластин бар дӯши ҳамаи дунёи Ислом аст.

Бешак нухбагони илмӣ, рӯҳониву сиёсӣ ва масъулони кишварҳои исломӣ бахши муҳимтари ин масъулиятро бар дӯш доранд.

Ин муборизае муқаддас ва хушоқибат аст, ваъдаи илоҳӣ нусрати қатъӣ дар ин мубориза аст. Конгресси имрӯзи Шумо бахше аз ин ҳаракати умумӣ ва азим аст.

Аз Худои мутаол тавфиқи ҷамъи Шуморо масъалат мекунам ва идомаи муборизаи мутанаввеъ бо режими мутаҷовизи саҳюнистро ба ҳамаи касоне, ки ин масъулияти бузургро эҳсос мекунанд, тавсия мекунам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.

Сайид Алии Хоманаӣ

 8/8/96

Дувумин нишасти саросарии Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат бо ҳузури ҷамъе аз уламои уммати исломӣ ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳамзамон бо яксадумин солгарди судури баёнияи Болфур, ки поягузори режими саҳюнистӣ буд, чаҳоршанбеву панҷшанбе ( якуму дувуми ноябр, даҳуму ёздаҳуми обон) дар Бейрут баргузор мешавад.