Дувумин нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз дар Теҳрон
Дувумин нишасти сеҷонибаи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон имрӯз (чаҳоршанбе) дар Теҳрон баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомҳои олирутбаи Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба раёсати Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, имрӯз (чаҳоршанбе) вориди Теҳрон мешаванд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дирӯз бо ишора ба нишасти сеҷонибаи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон дар Теҳрон, ҳамкориҳои минтақаиро бо ҳадафи тавсеаи иқтисодии кишварҳо ва сулҳу субот дар минтақа муфид донист.
Зариф афзуд, раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Озарбойҷон қарор аст дар нишасти сеҷонибаи Теҳрон, дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон бо якдигар гуфтугӯ кунанд.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳам баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ, мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро аз меҳварҳои нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон эълом кардааст.
Аз дигар меҳварҳои ин нишасти сеҷониба, ройзанӣ дар бораи каридори Шимол ба Ҷануб ва низ баррасии иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) аст.
Нахустин нишасти муштарак ва сеҷонибаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон августи соли 2016 дар Боку баргузор шуда буд.