Рӯҳонӣ: Мубодилоти Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо пулҳои миллӣ анҷом шавад
Раисҷумҳури исломии Эрон дар дидори раисҷумҳури Озарбойҷон пешниҳод кард, ду кишвар табодулоти тиҷории худро аз тариқи бонкҳои марказӣ бо пулҳои миллии худ анҷом диҳанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар дидори Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар Теҳрон гуфт: Бояд талош кард, то дар ҷиҳати рафъи ниёзҳои Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои мавҷуд дар ду кишвар беш аз пеш истифода шавад .
Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бар зарурати истифода аз пӯли миллӣ дар муровидоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ, осонӣ дар тарифаҳои гумрукӣ ва тавсеаи равобити бонкӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши транзит ва ҳамлу нақл ва афзоиши сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои тиҷорӣ дар заминаҳои мухталифи байни Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард .
Рӯҳонӣ, эҳдоси роҳи оҳани Рашти Эрон–Осторои ҷумҳурии Озарбойҷонро ба унвони тарҳи муштараки ду кишвар, гоме муҳим дар масири тавсеаи равобити транзитӣ дар долони шимол–ҷануб донисту афзуд: Аз ин хати транзитӣ метавон барои нақлу интиқоли коло аз минтақаи дарёи Уммон ва Халиҷи Форс ба минтақаи Қафқоз ва Аврупои шарқӣ истифода кард .
Рӯҳонӣ ба авзои мусулмонон дар Мянмар, Сурия ва Яман низ ишора карду гуфт, Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон бояд ройзаниҳои худро дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ барои бозгардондани субот ба ин кишварҳо густариш диҳанд .
Илҳом Алиев низ дар ин дидор раванди мубориза бо терроризм дар минтақаро мусбат донисту афзуд: Эрон нақши басазое дар барқарории суботу амният дар минтақа ва мубориза бо терроризм доштааст .
Алиев ҳамчунин бо ишора ба шароити душвори мусулмонони Мянмар, омодагии ҷумҳурии Озарбойҷонро барои тавсеаи ҳамкорӣ ва мушорикат бо Эрон бо ҳадафи ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба мусулмонони Мянмар эълом кард .
Илҳом Алиев ва Владимир Путин, раисони ҷумҳурии Озарбойҷону Русия рӯзи чаҳоршанбе барои ширкат дар Нишасти сеҷониба бо Эрон вориди Теҳрон шуданд .