Ноябр 02, 2017 14:25 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи муштараки Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Иҷлоси раисони Ҷумҳурии исломии Эрон, Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон чаҳоршанбешаб бо имзои як баёнияи муштарак ба поён расид.

Ба гузориши ИРНА, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз имзои ин баёния дар нишасти хабарии муштарак бо раисони ҷумҳурии Русия ва Озарбойҷон аз таҳаққуқи аҳдофи нахустин нишасти сарони се кишвар дар Боку хабар доду гуфт, Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия ба дунболи иттисоли ду қораи Аврупову Осиё аз тариқи долони байналмилалии Шимол -Ҷануб ҳастанд.

Рӯҳонӣ афзуд, се кишвар эҷоди равобити бонкии беҳтару истифода аз пули миллӣ дар тиҷорати ду ва сеҷонибаашонро дунбол мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, дар нишасти баъдии сарони Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маскав гомҳои баланди дигаре барои густариши равобити се кишвар бардошта шавад.

Дувумин иҷлоси сарони Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон асри чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Сеюмин нишасти сарони Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд.