Ноябр 03, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати раисҷумҳури Эрон бо дархости Доналд Трамп барои гуфтугӯ

Рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” гузориш дод, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дархости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро барои гуфтугӯи мустақим рад кардааст.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” бомдоди ҷумъа навишт, Ҳукумати Амрико дар ҳошияи нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 2017 аз раисҷумҳури Фаронса хоста буд, то воситаи гуфтугӯи мустақими раисҷумҳури Амрико бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон шавад. Рӯзномаи “Вашингтон пост” навишт, чанд соат баъд аз он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зидди Эрон суханронӣ кард, ҳукумати ӯ дархости гуфтугӯ бо раисҷумҳури Эронро аз тариқи Эмманюэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса матраҳ кард. Бар асоси ин гузориш, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико фарде буд, ки дархости давлати Трампро ба раисҷумҳури Фаронса мунтақил кард.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навишт, як мақоми аршади давлати Трамп мегӯяд, посухе, ки эрониҳо ба ин дархост доданд, «на»-и қотеъ буд. Ин мақоми аршади Амрико тасреҳ кард, қабл аз дархости Тиллерсон Трамп дар дидори дуҷонибае, ки як шаб қаблтар аз суханронияш дар СММ бо Эмманюэл Макрон дошт, масъалаи миёнҷигарии Фаронса барои гуфтугӯ бо раисҷмҳури Эронро матраҳ карда буд.

 

Барчасп