Зиндонӣ будани беш аз 56 эронӣ дар зиндонҳои Амрико ба иттиҳомҳои воҳӣ
(last modified 2017-11-05T13:09:29+00:00 )
Ноябр 05, 2017 18:09 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ будани беш аз 56 эронӣ дар зиндонҳои Амрико ба иттиҳомҳои воҳӣ

Муовини умури байналмилал ва ҳамкориҳои байналмилалии қазоии ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт: Беш аз 56 эронӣ ба иллати иттиҳомоти воҳӣ дар Амрико зиндонӣ шудаанд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Козими Ғарибободӣ афзуд: Ин зиндониён ба баҳонаҳои воҳии муртабит ба давр задани таҳримҳо дар интизори муҳокима ба сар мебаранд ва ё дар ҳоли гузарондани маҳкумияти худ ҳастанд .

Муовини умури байналмилалии ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон тасреҳ кард: Теъдоди дигаре аз эрониён низ дар кишварҳои мухталиф ба ҳамин баҳона ба дархости Амрико боздошт шудаанд ва тақозои истирдоди онон ба Эрон шудааст .

Амрико дар сиву ҳашт соли гузашта бо поймол кардани ҳуқуқи миллати Эрон, шаҳрвандон бегуноҳи Эрониро бо иттиҳомоти воҳӣ дар зиндонҳои худ нигаҳ дошта, ки ин иқдом бархилофи қонун, урф ва қавонини байналмилалӣ аст .

 

Барчасп