Интисоботи ҷадиди фармондеҳи муаззами кулли қуво дар артиши ҷумҳурии исломии Эрон
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво, дар аҳкоми ҷудогонае амир сартип Муҳаммадҳусайни Додрасро ба ҷонишинии фармондеҳи кулли артиш, амир дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёриро ба муовинати ҳамоҳангкунандаи артиш ва амир дарёдор Ҳусайни Хонзодиро ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд.
Дар матни аҳкоми фармондеҳи муаззами кулли қуво дар интисоби амир сартип Муҳаммадҳусайни Додрас, ба симмати ҷонишини фармондеҳи кулли артиши ҷумҳурии исломии Эрон омадааст: Иртиқои омодагиҳои иттилоотӣ ва амалиётии Оҷо ва рафъи ниёзҳои умдаи маишатии коркунон дар чорчуби тадобири фармондеҳи кул мавриди интизор аст .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар ҳукми интисоби амир дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ ба симмати муовини ҳамоҳангкунандаи артиши ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ карданд: Коромадӣ ва чобукии бештари ситоди артиш дар посухгуӣ ба ниёзҳои меҳварӣ ва авлавиятдор ва иртиқои ҳамоҳангӣ, инсиҷом ва ҳамафзоӣ дар сатҳи артиш, маврид интизор аст .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар матни ҳукми интисоби амир дарёдор Ҳусайни Хонзодӣ ба симмати фармондеҳии нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд: Интизор меравад, бо азмии росих ва иҳтимоме воло ва таомуле созанда аз тамоми қобилиятҳову зарфиятҳои нерӯ ва Оҷо ва нерӯҳои мусаллаҳ ва кишвар баҳрабардорӣ намуда ва ба раванди мавҷуд шитобе музоаф бахшед .