Ноябр 07, 2017 21:07 Asia/Dushanbe
  • Содироти 37-дарсадии нафти Эрон ба Аврупо

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи октябри гузашта ҳудуди 37 дарсад аз нафти содиротии худро ба ширкатҳои аврупоӣ фурӯхт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ширкатҳои бритониёӣ-нидерландии «Шелл» (“Роял дач шелл”), «Тотал»-и Фаронса, ENI ва «Сорос»-и Италия, «Ҳелленик петролиум»-и Юнон, «Репсол»-и Испания ва МОЛ-и Венгрия бархе аз муштариёни маҳмулаҳои нафти хоми Эрон дар Аврупо ҳастанд. Ҳамчунин дар моҳи октябри имсол Эрон 63 дарсади маҳмулаҳои содиротии нафти хоми худро равонаи бозори Осиё кардааст. Чин бузургтарин муштарии нафти Эрон дар Осиё аст, ки рӯзона беш аз 600 ҳазор бушка нафт аз Эрон харидорӣ мекунад.