Август 17, 2016 21:08 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Ҷомӣ як ваҳдатталаби муслиҳ буд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ба Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Абдурраҳмони Ҷомӣ, аз ин шоири пуровоза ба унвони "як ваҳдатталаби муслиҳ" ёд кард, ки боварҳои орифонааш бидуни ҳар гуна зуҳдфурӯшӣ ва таассубҳои кинаварзона буд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар идомаи паёми худ овардааст: Дар шароити имрӯзи минтақа ва ҷаҳон, ки ифротигароӣ ва танишҳои қавмӣ ва нажодӣ, субот ва оромиши мардумони минтақаро, ки қарнҳо бо бурдборӣ ва ҳамзистӣ дар канори ҳам дар оромиш зиндагӣ кардаанд, таҳдид мекунад, бузургдошти шахсиятҳои қобили эҳтироме чун Ҷомӣ ва таъкид бар шиносоӣ, эҳё ва густариши арзишҳои муштараки наҳуфта дар осор ва андешаҳои эшон метавонад ба наслҳои ҳозира ва ояндаи кишварҳои исломӣ кумак кунад, то давроне наве аз бурдбории мазҳабӣ ва зиндагии ҳамроҳ бо сулҳ ва бародариро оғоз намоянд.

Дар ин паём ҳамчунин омадааст: Ҷомӣ аз шахсиятҳои таъсиргузори илмӣ ва адабӣ аст, ки дар замони худ ба хотири паёмҳои амиқан инсонӣ, ба шахсияте фароминтақаӣ табдил шуд ва дар як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунии густарда, аз Хуросони Бузург гирифта то Шибҳи Қора, Ироқ ва Шом ва Осиё мавриди эҳтиром буд ва имрӯз, агарчӣ ин манотиқ дар марзҳои сиёсии ҷудогонае қарор гирифтаанд, аммо шахсиятҳои мисли Ҷомӣ омили пайванди фарҳангии онҳо маҳсуб мешавад.

Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ имрӯз ва фардо дар Турбати Ҷом, зодгоҳи ин шоири баландовозаи форсизабон баргузор мешавад.