Ноябр 09, 2017 16:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Масири тайшудаи инқилоб, нишонаҳое умедбахшро нишон медиҳад

Дар Арбаини шаҳодати Саиду солори шаҳидон ҳазрати Абоабдиллоҳ Алҳусайн (а) ва асҳоби бовафои эшон, ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) мизбони ҳайъатҳои донишҷӯӣ аз саросари Эрон буд ва донишҷӯён ва донишгоҳиён дар ҳузури раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба азодорӣ пардохтанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар суханони кӯтоҳе дар ҷамъи донишҷӯён, зимни таҷлил аз маросими пуршӯри азодории Арбаини Ҳусайнӣ гуфтанд: Ин иҷтимоот бояд азми ҳамагонро собит ва устувор кунад ва муҳим аст, ки дар ин масир ҳамвора суботи қадам дошта бошем ва таҳти таъсири ноҳамвориҳо ва душвориҳо қарор нагирем .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Роҳи талош дар роҳи Худо, иқомаи ҳаққу адл ва роҳи расидан ба тамаддун ва ҷомеаи исломӣ масири душвору пурфарозу нишебест, аммо мушоҳидаи масири тайшуда дар инқилоби исломӣ ва ҳамчунин уфуқи пешо‌рӯ, нишонаҳое комилан умедбахш, муваффақиятомез ва хушоқибатро нишон медиҳад .

Дар поёни ин маросим донишҷӯён намози зуҳру асрро ба имомати раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иқома карданд .

 

Барчасп