Ноябр 13, 2017 12:05 Asia/Dushanbe
  • Дастури Раҳбари инқилоб ба масъулон барои кумак ба осебдидагони заминларза

Дар пайи вуқуи заминларзаи шадид дар ғарби Эрон ва ҷон бохтану захмӣ шудани шуморе аз мардум, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ паёме содир карданд.

Дар паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ омадааст: «Бо таассуф ва андӯҳи фаровон хабари заминларза дар ғарби кишварро, ки ба ҷон бохтани ҷамъе аз ҳаммеҳанони азиз ва захмӣ шудани ҷамъе бештар анҷомида ва хисороти бисёре падид овардааст, дарёфт кардам. Вазифаи масъулон он аст, ки дар ҳамин аввалин соатҳо бо ҳамаи ҳиммат ва тавон ба ёрии осебдидагон бавижа дар зери овор мондагон башитобанд ва бо баҳрагирии сареъ аз ҳамаи имконоти мавҷуд, аз афзоиши талафот ҷилавгирӣ кунанд.»

Раҳбари Инқилоби Исломӣ аз неруҳои артиш, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Басиҷ хостанд, бо назм ва суръат ба оворбардорӣ ва интиқоли маҷрӯҳон кумак кунанд ва таъкид карданд, дастгоҳҳои давлатӣ чӣ низомӣ ва чӣ ғайри низомӣ, ҳама тавони худро барои ёрии осебдидаҳо ва хонаводаҳои онон ба саҳна оваранд.

Дар паёми эшон ҳамчунин омадааст: «Инҷониб аз аъмоқи дил, ин ҳодисаи талх ва мусибатборро ба миллати Эрон ба хусус ба мардуми азизи устони Кирмоншоҳ ва бавижа ба хонаводаҳои мусибатзада, тасалият арз мекунам ва мутазариъона аз Худованди мутаол мехоҳам, ки ин меҳнат ва ранҷро мояи ҷалби раҳмат ва фазли худ қарор диҳад ва бар сабру пойдорӣ ва муқовамати миллати азизамон биафзояд.»

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳамаи касоне, ки метавонанд ба наҳве дар сабук кардани бори мусибат ва ҷуброни хисорат муассир бошанд, дархост карданд, ки ба ёрии осебдидагон башитобанд.

Бар асоси охирин хабарҳо, дар зилзилаи 7.2 Рихтерии шомгоҳи якшанбе дар ғарби Эрон, 141 нафар кушта ва ҳудуд 870 нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп