Ноябр 13, 2017 15:22 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон, ҷон бохтани ҷамъе аз мардумро бар асари зилзила, ба давлат ва миллати Эрон таслият гуфт.

Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, Gary Lewis рӯзи душанбе дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” ҳамчунин аз омодагии ин созмон барои кумакрасонӣ ба зилзилазадагон дар ғарби Эрон, дар сурати ниёз хабар дод.

Заминларзае ба бузурге 7.2 дараҷа дар амвоҷи дарунии замин (Рихтер) якшанбешаб бахшҳои ғарбии Эрон ва шаҳрҳои мухталифи Ироқро ларзонд.

Ситоди буҳрони Эрон эълом кард, заминларза дар ғарби Эрон токунун 214 кушта ва беш аз панҷ ҳазор маҷрӯҳ барҷо гузоштааст.

Дар устони Кирмоншоҳ, ки бештарин осеб ва талафотро мутаҳаммил шуда, се рӯз азои умумӣ эълом шудааст.

Бо дастури Ҳасан Қозизода Ҳошимӣ, вазири беҳдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаи донишгоҳҳои улуми пизишкии ин кишвар муваззаф шуданд, дар сареътарин замони мумкин кодри дармонии мутахассис, таҷҳизоти пизишкӣ, омбулонс ва хуни мавриди ниёзро ба марокизи дармонии манотиқи зилзилазадаи устони Кирмоншоҳ бифиристанд.