Вокуниши Эрон ба пешниҳоди кумакҳои байналмилалӣ
(last modified Tue, 14 Nov 2017 08:33:28 GMT )
Ноябр 14, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба пешниҳоди кумакҳои байналмилалӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон зимни ташаккур аз ибрози ҳамдардӣ ва пешниҳоди кумаки кишварҳои мухталиф ба зилзилазадагон, аз бениёзии Эрон ба кумакҳои хориҷӣ хабар дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф, дар ҳисоби твиттерии худ аз ҷомеаи байналмилал барои ибрози ҳамдардӣ ва эъломи омодагӣ барои кумак ба зилзилазадагони ғарби Эрон қадрдонӣ карду афзуд: Дар ҳоли ҳозир Эрон тавоноии мудирияти буҳрони ин заминларзаро бо манобеи дохилӣ дорад .

Заминларзае ба бузургии 7.3 дараҷа дар амвоҷи дарунии замин (рихтер) якшанбе шаб манотиқи мухталифи ғарби Эронро ларзонд .

Токунун бар асари ин заминларза дар Эрон, 413 нафар кушта ва ҳафт ҳазору 370 нафар захмӣ шудаанд .

Бисёре аз сарону мақомоти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ пас аз вуқуи зилзила бо ирсоли паём ва ё дар тамосҳои телефонӣ бо мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон, бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ ва барои кумак ба зилзилазадагон эъломи омодагӣ карданд.