Оли Ҳабиб: Арабистон бештар аз ДИИШ, Алқоида ва Аннусра кӯдак мекушад
Муовини намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Арабистони Саудӣ бештар аз маҷмӯи гурӯҳҳои террористии Алқоида, ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра дар ҷаҳон, дар Яман кӯдаккушӣ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Исҳоқ Оли Ҳабиб дар посух ба иҳонатҳои намояндаи режими Саудӣ дар Созмони Милал, ки дар кумитаи сеюми Маҷмаи умумии ин созмон ва бо мавзӯи баррасии Қатъномаи пешниҳодии Канада алайҳи рафторҳои ҳуқуқи башари Эрон матраҳ шуд, афзуд: “Арабистон ба унвони шарики ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм, мояи тамасхури ҳуқуқи башар ва инсоният аст”.
Вай бо интиқод аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар ба иллати нодида гирифтани ҷиноёти режими Саудӣ дар Яман таъкид кард, шабоҳати ҷиноёти ДИИШ ва режими Саудӣ, аз ҷумла “сар буридан” тасодуфӣ нест.
Муовини намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал изҳор дошт, ДИИШ ва Арабистон дар як идеологияи муштарак қарор доштаву ба ғайр аз худ ҳамаро, чӣ мусалмон ва ғайримусалмонро кофар ва муртад медонанд.
Абдуллоҳ Алмуаллимӣ, намояндаи доимии Арабистон дар Созмони Милал дар ин нишаст бо такрори иддаоҳои беасос Ҷумҳурии исломии Эронро ноқизи ҳуқуқи башар баршумурд.
Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи сешанбе бо такрори иттиҳомоти исботнашуда, Қатъномаи пешниҳодии Канада алайҳи вазъияти ҳуқуқи башари Эронро ба тасвиб расонд.
Исҳоқ оли Ҳабиб пас аз тасвиби ин қатънома, стандартҳои дугонаву табъизомезро ҷузви ҷудоинопазири сиёсати хориҷии кишварҳое ҳамчун Канада донисту таъкид кард, ин иқдоми бемаънову бесамари Оттава “даҳанкаҷӣ” ба ҳуқуқи башар, иқдоме зараровар барои механизмҳои ҳуқуқи башарии Созмони Милал ва беэҳтиромӣ ба шуури мардумӣ аст, ки аз наздик рӯйкарди гузинишии Канада дар қиболи вазъиятҳои ҳуқуқи башариро мушоҳида мекунанд.