Интиқоди шадиди раисҷумҳури Эрон аз сиёсатҳои Арабистон дар минтақа
Раисҷумҳури исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайъати давлат ба шиддат Арабистони Саудиро ба сабаби ҷиноят дар Яман ва тавтеа алайҳи кишвари Лубнон мавриди интиқод қарор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлати Эрон гуфт: Ҳар замон, ки мақомҳои амрикоӣ ба минтақа омадаанд, билофосила пас аз он оташи ҷангу таниш дар бахше аз минтақа шуълавар шудааст .
Вай афзуд: Бо дахолати қудратҳои хориҷӣ ҷангҳои бузурге дар Ироқ, Афғонистон, Сурия ва Яман ба вуқуъ пайвастааст ва қудратҳои хориҷӣ аз ҳузур дар минтақа сирфан барои фурӯши силоҳҳои худ ва эҷоди заминаи муносиб барои дахолат дар бозори минтақа ва бозӣ бо қиммати нафт истифода кардаанд .
Рӯҳонӣ бо интиқод аз ҳукумати Арабистон гуфт: “Мардуми бедифои Яман чандин сол аст, ки бо мушкилоти ношӣ аз беморӣ, фақр ва бомбборонҳои мустамар дасту панҷа нарм мекунанд. Ба чи иллат кишваре, ки мусулмон асту худро ходим ҳарамин медонад, ингуна мардуми бегуноҳу мусулмони Яманро таҳти фишор қарор дода, изҳори таассуфу пушаймонӣ ҳам накарда ва ҳамчунон ба ҷиноятҳояш идома медиҳад”?
Раисҷумҳури исломии Эрон афзуд: Дар муқобили ин ҷиноёт, Созмони милали муттаҳид сукут кардаву ҳеч мавзеи қотеъ ва илзомоваре иттихоз намекунад ва қудратҳои ғарбӣ низ аз ингуна ҷиноёт ҳимоят мекунанд .
Раисҷумҳури исломии Эрон тасреҳ кард: “Инки кишваре дар минтақа аз режими саҳюнистӣ бихоҳад ва ба он илтимос кунад, ки мардуми Лубнонро бомбборон кунад, бисёр шармовару хиҷолатовар аст”.
Вай гуфт: “Дар торих суроғ надорем, ки як кишвари исломӣ ба чунин иқдомоте даст зада бошад ва ин нишондиҳандаи нопухтагии афродест, ки дар ин кишварҳо сари кор омаданд”.
Рӯҳонӣ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳомии мазлумон буда ва хоҳад монд ва Эрон наметавонад бубинад, ки террористҳо мардуми бегуноҳу мусулмонро мавриди ҳамла қарор диҳад .