Ноябр 15, 2017 21:54 Asia/Dushanbe
  • Манофеи миллии Эрон, хати қирмизи фаъолияти мадрасаҳои хориҷӣ дар Эрон

Масъули мадрасаҳои хориҷӣ дар Вазорати омӯзишу парвариши Эрон аз ихроҷи ду мудири мадрасаҳои атбои ироқӣ дар Эрон ба сабаби истифода аз номи ҷаълӣ ба ҷои номи Халиҷи Форс дар мадориси онҳо хабар дод.

Доктор Муъмина Қосимӣ, раиси гурӯҳи мадориси байналмилал, сафоратхонаҳо ва атбои хориҷии Вазорати омӯзишу парвариши Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт: Мадориси вижаи фарзандони атбои хориҷӣ дар Эрон аз назари низоми омӯзишӣ ба се дастаи ғайридавлатӣ, сафоратхонаӣ ва байналмилалӣ тақсим мешаванд, ки дар ҳамаи ин мадрасаҳо риояти усулу қавонини ҷории ҷумҳурии исломӣ илзомӣ аст .

Вай гуфт: Ахиран дар теъдоде аз мадориси ироқӣ дар Эрон, дар дарси ҷуғрофиёии Ироқ аз китобҳое, ки дар он номи ҷаълии халиҷи арабӣ ба ҷои Халиҷи Форс вуҷуд дошт, истифода шуда буд, ки ба ин сабаб, ду мудири ин мадрасаҳо тавбех ва ихроҷ шуданд .

Хонуми Қосимӣ таъкид кард, ҳеч як аз мадрасаҳои хориҷӣ дар Эрон набояд хилофи манофеи Эрони исломӣ фаъолият кунанд .

Вай хостори назорати дақиқтари Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон бар китобҳои воридотӣ шуду гуфт: Эрон бар муҳтавои китобҳои омӯзишии атбои хориҷӣ назорат дорад, вале лозим аст ин назорат бештар шавад .

Қосимӣ ҳамчунин ёдовар шуд, солона барои ҳар донишомӯзи хориҷӣ дар мадориси эронӣ беш аз ду миллион тумон (500 доллар) ҳазина мешавад .