Алоқамандии Узбакистон барои хариди нафт аз Эрон
(last modified 2017-11-18T15:54:08+00:00 )
Ноябр 18, 2017 20:54 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии Узбакистон барои хариди нафт аз Эрон

Вазири нафти Эрон аз алоқамандии Узбакистон барои хариди нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Бижани Зангана имрӯз (шанбе) пас аз дидори Алишер Султон‎ов, муовини нахуствазири Узбакистон дар Теҳрон эълом кард, Тошканд илова бар алоқамандӣ барои хариди нафт аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, хоҳони сармоя‎гузорӣ дар саноати нафт ва петрошимии Эрон аст.

Зангана бо баёни ин, ки мавзуи хариди нафт метавонад нахустин қадам барои густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар бошад тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳон густариши равобит бо Узбакистон аст.

 

Барчасп