Ноябр 19, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши парвозҳои гардишгарии байни Эрон ва Чин

Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Барои афзоиши ҳузури гардишгарони чинӣ дар Эрон, парвозҳо байни ҷумҳурии исломии Эрон ва Чин афзоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Муҳиб‌худоӣ, муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон шанбе шаб дар дидори ҳайъати сармоягузори чинӣ дар Теҳрон афзуд: Ожонсҳои хадамоти гардишгарӣ ва туроператорҳо, ба таомули ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ кумак хоҳад кард .

Муҳаммади Муҳиб‌худоӣ тасреҳ кард: Гардишгарони чинии зиёде алоқаманд ба боздид аз зарфияту ҷозибаҳои гардишгарии Эрон ҳастанд ва Эрон алоқаманд аст, хутути ҳавоии ду кишвар барои афзоиши парвозҳо ба мақсади шаҳрҳои мухталифи Эрону Чин, бо якдигар ҳамкорӣ кунанд .

Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон бо ишора ба сохти 125 ҳотели севу чаҳор ситора дар Эрон гуфт: Эрон барои мушорикати сармоягузорони чинӣ барои сохти ҳотел, омодагӣ дорад .

Финн Ҷенк, раиси гурӯҳи сармоягузори чинӣ ҳам дар ин дидор бо ишора ба зарфияту ҷозибаҳои гардишгарии Эрон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба тавоноии ширкатҳои чинӣ барои сохти ресторан ва ҳотелҳои гардишгарӣ, коргурӯҳҳое барои иҷрои муқаддамот ва идомаи ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ бо Эрон ташкил хоҳад шуд .

 

Барчасп