Август 18, 2016 12:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони хориҷаи Эрон ва Норвегия бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Норвегия бар густариши равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар, дар ҳавзаи пулӣ ва бонкӣ таъкид карданд.

Борге Бренде, вазири умури хориҷаи Норвегия рузи чаҳоршанбе бо  Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи  Эрон, дар Теҳрон дидор ва дар бораи муносиботи дуҷониба, шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард.

Ҳамчунин бо ҳузури вазирони хориҷаи Эрон ва Норвегия, се ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаҳои эътибори содиротӣ миёни Сандуқи замонати содироти Эрон ва Оҷонси замонати эътибороти содиротии Норвегия ба имзо расид.

Бар асоси асноди имзошуда, Норвегия хати эътибории содиротии як миллиард евроӣ ба Эрон эъто мекунад.

Тафоҳумномаи ҳамкории бимаӣ, миёни киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва "SKULD"-и Норвегия, дар бораи анвоъи бимаҳои дарёӣ ва омузиши персонел ва иртиқои дониш ва тавонмандии коршиносони эронӣ низ имзо шуд.

Вазири хориҷаи Норвегия рузи чаҳоршанбе дар дувумин сафараш ба Эрон тайи ду соли гузашта, бо Ҳасани Руҳонӣ-раисиҷумҳур, Алии Лориҷонӣ раиси маҷлиси Шурои исломӣ, Алиакбари Вилоятӣ-мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал ва Бежан Номдори Зангана-Вазири нафти Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

 

 

Барчасп