Ноябр 28, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Cафари Зариф ба Арманистон – тавсеаи муносибот дар масири аҳдофи роҳбурдӣ

Сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ба Арманистон ба даъвати Эдуард Налбандян, вазири умури хориҷии ин кишвар раванди тавсеаи муносиботи Теҳрону Ереванро вориди марҳалаи тозае кардааст. Зарифро дар ин сафар ҳайате аз туҷҷор ва бозаргонони бахши хусусӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Равобити Эрону Арманистон аз моҳи декабри соли 2016, пас аз сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ереван вориди марҳалаи тозае шуд, аммо тавсеаи ин равобит аз чӣ аҳамияте бархурдор аст? Дар ин замина ду дидгоҳ вуҷуд дорад: дидгоҳи нахуст аз сӯйи соҳибназароне матраҳ мешавад, ки муътақид ба асли тавозуну ҳамгироӣ дар равобит ҳастанд ва мегӯянд, дар шароити кунунӣ, ки муносибот дар масири ҷаҳонӣ шудан аст, кишварҳое муваффақ ҳастанд, ки битавонанд бо нигоҳ ба оянда дар бораи манофеи муштарак биандешанд. Аз ин дидгоҳ, Эрону Арманистон ба ҳар мизон, ки битавонанд бар зарфиятҳои ҳамкории худ биафзоянд, ин ҳамафзоӣ сабаби афзоиши таомулоти минтақаӣ низ мешавад. Ин ҳамгироӣ дорои аҳамияте дар сатҳи роҳбурдӣ аст, зеро ба кишварҳои минтақа фурсат медиҳад, то бо тақвияти таомулоти иқтисодӣ таҳдиду танишҳои сиёсиро ба фурсате барои ҳамкорӣ табдил кунанд. Аммо дидгоҳи дигар ба равобити Эрону Арманистон аз зовияи муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва динӣ менигарад, ки аз ин нигоҳ, бо сармоягузорӣ дар ин замина метавон аз фурсатҳои бештар истифода кард ва онро мабнои таҳкими равобит қарор дод. Шакке нест, ки ҳарду дидгоҳ қобили таваҷҷуҳ аст. Ба ибораи дигар имрӯз бояд ба гузашта нигоҳ кард, аммо аз оянда сухан гуфт. Равобити Эрону Арманистон низ аз ин асл истисно нест ва муносиботи иқтисодӣ акнун дар роҳи рушд қарор гирифтааст.

Арташс Томанян, сафири Арманистон дар Эрон чанде қабл дар нишасти коргурӯҳи тавсеаи содироти ду кишвар гуфта буд: "Агарчи бозори Арманистон бо ҷамъияти болиғ бар се миллион нафар чандон чашмгир нест, аммо мавқеияти ин кишвар ба гунае аст, ки метавонад заминаи ҷалби бозори 180-миллионнафарии кишварҳои Авруосёро барои Эрон фароҳам кунад". Пойгоҳи хабарии “News” AM-и Арманистон моҳи марти имсол ба нақл аз Габриелян, муовини нахуствазири Арманистон навишт: "...ҳамкории наздик бо Теҳрон яке аз авлавиятҳои Арманистон талаққӣ мешавад". Дар ҳоли ҳозир иҷрои мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои энержӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл, ҳамчнин дар арсаҳои фанноварию илмӣ ва сармоягузорӣ дар манотиқи озод шитоб гирифтааст. Заминаи ҳамкории иқтисодии Эрон бо Иттиҳоди Авруосиё низ аз масири Арманистон фароҳам шудааст. Самту сӯйи тавофуқу равандҳо нишон медиҳад, равобити байни Арманистон тавонистааст аз ҳадди озмоишии замон гузарад ва майл ба тавсеаро нишон диҳад.