Ҳимоят аз "Мунофиқин", барномаи ҷадиди саҳюнизм зидди миллати Эрон
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳимоят аз гурӯҳаки террористии "Мунофиқин"-ро барномаи ҷадиди истикбор ва саҳюнизми ҷаҳонӣ зидди миллати Эрон донист.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба талошҳои Амрико ва Арабистон барои эҳёи гурӯҳаки террористии "Мунофиқин" (Муҷоҳидини халқ) ва ҳазина кардани миллиардҳо доллар дар ин замина гуфт: "Арабистон мехоҳад бо ҳимояти молӣ ва таслеҳотӣ аз "Мунофиқин", аз онон зидди миллатҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода кунад".
Оятуллоҳ Хотамӣ "Мунофиқин"-ро як гурӯҳаки террористии мансух ва муталошишуда тавсиф кард ва афзуд: "Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ ва минтақаияш ҳаргиз нахоҳанд тавонист он гурӯҳаки одамкушро, ки нобуд шудаву аз байн рафтааст, дубора эҳё кунанд".
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки "Мунофиқин" сиёҳтарин парвандаро назди миллати Эрон доранд, афзуд: "Онҳо 17 ҳазор нафар аз мардуми Эронро ба шаҳодат расонидаанд".
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба нақши гурӯҳи террористии "Мунофиқин" дар куштори шиаён ва курдҳои Ироқ, ки ба дастури Саддом анҷом шуд, гуфт: "Ин гурӯҳак ҳамакнун дар канори ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ба мусулмонкушӣ идома медиҳад".
"Мунофиқин" гурӯҳе аз террористҳои мусаллаҳи мухолифи ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, ки худро "Муҷоҳидини халқ" мехонанд, аммо эрониён ононро ба сабаби ҷиноятҳои бисёре, ки дар ҳаққи миллати Эрон ва дигар миллатҳои мусулмони минтақа муртакиб шудаанд, "Мунофиқин" номидаанд.