Эрон омодаи ҳамкорӣ бо СҲШ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26175-Эрон_омодаи_ҳамкорӣ_бо_СҲШ_аст
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ҳамкориҳои ниҳодиро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба суди ҳама кишварҳо, миллатҳо ва давлатҳои алоқаманд ба сулҳ, рифоҳ ва амният медонад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 01, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон омодаи ҳамкорӣ бо СҲШ аст

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ҳамкориҳои ниҳодиро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба суди ҳама кишварҳо, миллатҳо ва давлатҳои алоқаманд ба сулҳ, рифоҳ ва амният медонад.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ рӯзи ҷумъа дар шонздаҳумин иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Сочии Русия гуфт, Эрон дасти дӯстӣ ба сӯйи ҳама аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дароз мекунад. Муовини аввали раисҷумҳури Эрон афзуд, Эрон омодааст, то бо иртиқои сатҳи ҳамкориҳои худ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой нақшу саҳми бештаре дар таҳкими сулҳ, субот, амният ва тавсеаи минтақаию ҷаҳонӣ ифо кунад. Ӯ тасреҳ кард, тавофуқи ҳастаии Эрон ва кишварҳои узви “Гурӯҳи 5+1” ва лағви таҳримҳои ноодилона бо вуҷуди бархе коршиканиҳо ва бадаҳдиҳои давлати Амрико фурсатҳои ҷадидеро барои мушорикат ва ҳамкории шарикони минтақаии Эрон, аз ҷумла кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой фароҳам кардааст.

Ҷаҳонгирӣ Эронро мудофеи сарзамин, сулҳ, субот, тавсеа, ҳамкорӣ ва гуфтугӯи байни фарҳангҳо, миллату ақвом дониста гуфт, Эрон омодааст, барои ҷаҳони орӣ аз хушунату ифротгароӣ ба тақвияти ҷойгоҳи Созмони Ҳамкории Шонгҳой иқдом кунад. Муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба таҳдиду фурсатҳои пешорӯи минтақа ва ҷаҳон ишора карда афзуд, тиҷорисозии амният аз сӯйи бархе қудратҳо ва хориҷ шудани терроризми такфирӣ аз контроли тавлидкунандагону ҳомиёни он ба ноамнию танишҳо ва мусобиқаи таслиҳотӣ дар ҷаҳон доман задааст. Ӯ хотирнишон кард, Созмони Ҳамкории Шонгҳой метавонад аз мавқеияти ҷуғрофии Эрон ва қарор доштан дар чаҳорроҳи убури бархе аз корридорҳои муҳими ҳамлу нақли байналмилалӣ, монанди коридори Шимол – Ҷануб, Шарқ – Ғарб, корридори саросарии роҳи оҳани Осиё ва коридори Халиҷи Форс – баҳри Сиёҳ барои иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва рушду тавсеаи кишварҳои минтақа истифода кунад.