Деҳқони фидокори Эрон даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26285-Деҳқони_фидокори_Эрон_даргузашт
Резалии Хоҷавӣ, деҳқони фидокори маъруф ва яке аз машҳуртарин шахсиятҳои китоби дарсии Эрон даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 03, 2017 12:18 Asia/Dushanbe
  • Деҳқони фидокори Эрон даргузашт

Резалии Хоҷавӣ, деҳқони фидокори маъруф ва яке аз машҳуртарин шахсиятҳои китоби дарсии Эрон даргузашт.

Резалии Хоҷавӣ, ки ба иллати бемории шадиди роҳи нафас дар бемористони Имом Ризо (а)-и Табрез (шимолу ғарби Эрон) бистарӣ буд, дар синни 86 солагӣ дорифониро видоъ гуфт.

Резалии Хоҷавӣ дар ғуруби яке аз рӯзҳои тирамоҳ дар озармоҳи 1341 шамсӣ, бо оташ задани либоси худ ва қарор додани он бар чӯби дасташ, ронандаи қаторро аз резиши кӯҳ бар рейли роҳи оҳан огоҳ карда ва ҷони садҳо нафар аз мусофиронро наҷот дода буд.

Донишомӯзониэронӣ достони "Деҳқони фидокор" ва моҷарои наҷоти мусофиронро дар китоби форсии соли сеюми дабистон мехонанд, ҳарчанд ин дар акнун аз китоби форсии дабистон ҳазф шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз шунидани ин хабар, бо интишори постҳо (комент) ва "Твитт"-ҳое аз вай ба унвони қаҳрамони фидокор ёд карданд.