Декабр 07, 2017 17:56 Asia/Dushanbe
  • Сабти ҷаҳонии чавгони эронӣ ва камонча

Чавгонбозӣ савор бар асб ҳамроҳ бо ривоятгарӣ ва мусиқӣ ва ҳунари сохтану навохтани камонча, дар 12-умин нишасти Кумитаи мероси ҷаҳонии номалмуси Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО ) дар Кореяи Ҷанубӣ ба сабт расиданд.

Алиасғари Мӯнисон, раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, чавгонбозӣ ва маҳорати сохтан ва навохтани камонча пас аз тайи мароҳили арзёбии фаннӣ барои сабт дар феҳристи муаррифи аносури мероси номалмуси ЮНЕСКО, субҳи имрӯз (панҷшанбе) бо аксарияти оро мавриди таъйиди аъзои Кумитаи мероси ҷаҳонии номалмус қарор гирифт.

Вай афзуд, чавгон ва камонча ҳамаи арзишҳои мавҷуд дар Конвенсияи 2003-ро ба унвони шоҳкорҳои ҷаҳонӣ доро будаанд ва намояндаи танавуи фарҳанги башарӣ ҳастанд.

Мӯнисон, чавгонро бахше аз ҷаҳонбинии эронӣ ва камончаро низ яке аз қадимитарин ва густурдатарин абзори мусиқӣ дар минтақа, бавижа Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон донист ва гуфт, мероси фарҳнагии Эрон барои ҷаҳониён ҳомили паёми муҳим аст ва нишон аз азамати фарҳанги эронӣ дар тӯли таърих дорад.

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон ҳамчунин теъдоди осори сабт шудаи Эрон дар феҳристи мероси номалмуси ҷаҳониро, 13 асар эълом кард ва афзуд, муаррифӣ ва сабти ин осор дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ, муаррифи таърих, фарҳанги ғанӣ, густурда ва мутанаввеи Эрон дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.