Декабр 10, 2017 19:20 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз худгузаштагии гуштигири эронӣ ба нафъи фаластиниён

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Алиризо Каримӣ, гуштигири сарафрози эронӣ дар Мусобиқоти ҷаҳонии гуштии зери 23 соли ҷаҳон ва хонаводаи ӯ, аз худгузаштагӣ ва иззатофаринии ин паҳлавони ҷавонро мавриди таҷлилу тақдир қарор доданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таҳсини иқдоми Алиризо Каримӣ, кори бузурги ӯро аз синхи кори паҳлавонони номдоре ҳамчун Пуриёи Валӣ донистанду гуфтанд: “Ман аз инки нишон додед, ҷавоне аз ҷавонҳои мо ҳозир аст, барои як ҳадафи бузургу баланд по бар рӯи нафси худ бигузорад ва аз ҳаққи қатъӣ ва қаҳрамонии мусаллам сарфи назар кунад, воқеан эҳсоси иззат кардам”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: “Қадри ин корро бидонед ва аҷри маънавии онро аз Худо бихоҳед, албатта масъулон низ набояд дар таҷлилу подоши моддӣ кӯтоҳӣ кунанд”.

Алиризо Каримӣ, гуштигири Эрон дар рақобатҳои зери 23 соли қаҳрамонии ҷаҳон дар Полша, аз рӯёрӯӣ бо намояндаи режими саҳюнистӣ худдорӣ карда буд .

 

 

Барчасп