Август 20, 2016 13:36 Asia/Dushanbe
  • Вуруди комили сомонаи мӯшакии

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз вуруди комили сомонаи мӯшакии "S-300"-и Русия ба Эрон то як моҳи оянда хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейни Деҳқон  имрӯз, шанбе, дар нишасти хабарӣ ба муносибати 31-уми мурдод (21 август), Рӯзи саноати дифоии Эрон дар бораи охирин вазъияти сомонаи мӯшакии "S-300" тавзеҳ дод. Ӯ гуфт, Эрон қарордоде бо Ҳукумати Русия дошт, ки он қарордод ба сурати яктарафа аз сӯйи русҳо бо баҳонаи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид лағв шуда буд ва дар натиҷа, Ҷумҳурии Исломии Эрон шикоятеро дар ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалӣ зидди Русия матраҳ кард. Ӯ афзуд, бо рӯйи кор омадани ҳукумати оқои Рӯҳонӣ ин мавзӯъ дар болотарин сатҳи сиёсӣ байни эшон ва оқои Путин мавриди баҳс қарор гирифт.

Вазири дифои Эрон таъкид кард, то кунун Русия бахши умдае аз сомонаи "S-300"-ро таҳвил дода, бақияи он низ дар ҳоли боргирӣ аст, ки то моҳи оянда ба Эрон фиристода мешавад. Сардор Деҳқон гуфт, қарор буд, ҳар замон, ки Русия қарордодро ба таври комил иҷро намояд, шикояти Эрон пас гирифта мешавад, ки ин кор ҳам анҷом шуд. Ӯ дар айни ҳол афзуд, агар дар идомаи масир русҳо ин қарордодро иҷро накунанд, Эрон ҳаққи шикоят  хоҳад дошт. Сардор Деҳқон ҳамчунин гуфт, русҳо мехостанд ба ҷойи "S-300" сомонаи "S-400" ва "Анти-2500" бидиҳанд, ки Эрон напазируфт.

Сардор Деҳқон бо ишора ба ҳузури ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ дар ғарби Эрон ва истифодаи русҳо аз имконоти пойгоҳҳои ҳавоии Эрон гуфт, пазириши ҷангандаҳои русӣ аз ҷониби Эрон дар чорчӯби ҳамкориҳои мутақобили Эрону Русия барои ҳадаф қарор додани ҷараёнҳои террористӣ дар Сурия ва бино ба дархости давлати Димишқ анҷом мешавад.

 

Барчасп