Иртиботи ақибнишинии Трамп дар баробари Эрон бо коҳиши мӯшакҳои раҳгирии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125290-Иртиботи_ақибнишинии_Трамп_дар_баробари_Эрон_бо_коҳиши_мӯшакҳои_раҳгирии_Амрико
Порс тудей - Шабакаи 13-и Исроил ба баррасии омили таъсиргузор бар тасмимгирӣ Трамп барои ақибнишинии муқобили Эрон пардохт.
(last modified 2026-08-03T08:29:16+00:00 )
Август 03, 2026 13:25 Asia/Dushanbe
  • Мӯшакҳои раҳгирии Патриот
    Мӯшакҳои раҳгирии Патриот

Порс тудей - Шабакаи 13-и Исроил ба баррасии омили таъсиргузор бар тасмимгирӣ Трамп барои ақибнишинии муқобили Эрон пардохт.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ бо пахши як гузориш ба эҳтимоли камбуди мушакҳои раҳгирӣ назди Амрико ва таъсиргузории ин мавзӯ бар тасмимгирии Трамп барои ақибнишинии муқобили Эрон ишора кард.
Дар ин гузориш ба ҳушдорҳои мақомоти артиши Амрико дар хусӯси ин ки захираҳои мӯшакҳои раҳгирии боқимонда иҷозаи муҳофизат аз тамоми манофеи Вашингтону режими саҳюнистиро намедиҳад, ишора шудааст .
Факс ниюс ба тозагӣ ба нақл аз баровардҳои « Маркази мутолиъоти стротежики байналмилалӣ » иқрор кард, ки захираи мӯшакҳои раҳгири Тоди Амрико аз 452 адад  пеш аз ҷанг ба камтар аз 278 адад коҳиш ёфтааст .
Бар асоси ин гузориш захираҳои Амрико аз мӯшакҳои раҳгири Патриот низ аз ҳудӯди 2300 адад пеш аз ҷанг ба камтар аз 827 адад  коҳиш пайдо кардааст.