Cоярӯшанҳои буҷаи соли ояндаи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26703-cоярӯшанҳои_буҷаи_соли_ояндаи_Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе лоиҳаи буҷаи кулли соли 1397-и ҳиҷрии шамсиро барои баррасӣ ва тасвиб тақдими Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон кард. Аммо нахустин буҷаи давлати дувоздаҳум аз чӣ вижагиҳои бархурдор аст?
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 11, 2017 16:25 Asia/Dushanbe
  • Cоярӯшанҳои буҷаи соли ояндаи Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе лоиҳаи буҷаи кулли соли 1397-и ҳиҷрии шамсиро барои баррасӣ ва тасвиб тақдими Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон кард. Аммо нахустин буҷаи давлати дувоздаҳум аз чӣ вижагиҳои бархурдор аст?

 Бар асоси эъломи Созмони барнома ва буҷаи Эрон, манобеи умумии буҷаи кулли соли ояндаи Эрон 368 триллион туман (876 миллард доллар), даромадҳои молиётию гумрукӣ ва соири даромадҳо 193 триллион туман аст. Дар танзими буҷа ду баҳси калон вуҷуд дорад: нахуст мушаххас будани мабнои даромади риёлӣ ва арзии буҷа ва баҳси дувумӣ ихтисоси ҳадафманди манобеи даромад нисбат ба ҳазинаҳои умумии дастгоҳҳои иҷроия ва таъмини манобеи мавриди ниёзи тарҳу лоиҳаҳои ободонӣ аст . Дар баҳси даромадҳо Эрон барои таъмини буҷаи арзӣ (асъори хориҷӣ) ду манбаи бо созукорҳои комилан мутафовит дорад. Яке аз ин ду манбаи асъор бар маҳзи фурӯши нафт ва манбаи дувум бинобар содироти ғайринафтӣ, судури хадамот ва фаъолиятҳои гардишгарӣ аст. Дар ин чорчӯб даромад  аз фурӯши нафт ҳамчунон нақши роҳбурдӣ дорад. Дар лоиҳаи буҷаи соли оянда даромад аз фурӯши ҳар бушка нафт 55 доллар дар назар гирифта шуда, аммо ҳанӯз бо қатъият наметавон гуфт, ки ин рақам то чӣ андоза метавонад муҳаққақ шавад.

Воридоти асъори хориҷӣ аз ҳисоби фурӯши нафт ба иқтисоди кишвар метавонад таъсироти мусбат дошта бошад, аммо дар мавориди зиёде ин чолиш вуҷуд дошта, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз асъори хориҷие, ки аз фурӯши нафт ба даст меояд, сарфи воридоти колоҳои масрафӣ ба кишвар мешавад, дар ҳоле ки ниёзи имрӯзи иқтисоди Эрон ҳимоят аз тавлиди дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз вуруди ғайрзарурии колоҳои мушобеҳ бо тавлиди дохилӣ ва муқобилаи ҷиддӣ бо қочоқи колост, ки сабаби тахриби сармояҳои миллӣ ва фирори манобеи асъори хориҷии кишвар мешавад.

Иқтисоди Эрон аз ин ду ҷараён осебҳои ҷиддӣ дидааст ва ҷуброни он шояд солҳои зиёде тӯл бикашад, дар ҳоле ки рушди иқтисодӣ бо сармоягузорӣ ва афзоиши баҳраварӣ аз тариқи тақвияти сохторҳои иқтисодӣ амалӣ мешавад . Дар буҷаи соли оянда рушди 6-7-дарсадӣ дар иқтисод дида шудааст. Ин ҳадафгузорӣ ҳассосият бар рӯйи нақши нафт дар буҷаро бештар кардааст. Аммо ироаи давлати дувоздаҳум нишон медиҳад, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иқтисоди ғайринафтӣ 7 дарсад рушд кардааст. Албатта, мутобиқи ҳамин гузоришҳо, рушди сармоягузорӣ дар солҳои қабл манфӣ, аммо имсол 1,7  дарсад мусбат будааст.

Дар як нигоҳи куллӣ бояд гуфт, ки давлат буҷаи соли ояндаро бо рӯйкард ба се ҳадаф, идомаи рушди иқтисодӣ, контроли таваррум ва ҳадафманд кардани масрафи дастгоҳҳои иҷроия танзим кардааст, ки барои дастёбӣ ба аҳдофи миёнамуддат ва дарозмуддати иқтисоди муқовиматӣ зарурист. Дар айни ҳол таҳаққуқи ин аҳдоф бо таваҷҷуҳ ба ақибмондагиҳои иқтисодӣ, масъалаи бекорӣ ва даромадҳои маишӣ, ки бо мавзӯи пардохти ёронаҳои нақдӣ аз сӯйи давлат гиреҳ хӯрдааст, кори осоне нест. Бо ин ҳол, бояд дид, парлумон дар баррасии лоиҳаи буҷаи соли оянда дар ин замина чӣ гуна тасмимгирӣ хоҳад кард ва лоиҳаи буҷаи тақдимӣ дар парлумон бо чӣ тағйироте мувоҷеҳ хоҳад шуд.