Духтари 8 солаи эронӣ қаҳрамони ҷаҳонии UCMAS
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26863-Духтари_8_солаи_эронӣ_қаҳрамони_ҷаҳонии_ucmas
Саида Ҳамто Шафавӣ Муқаддам, донишомӯзи эронӣ дар мусобиқоти муҳосиботи зеҳнӣ бо чурткаи ҷаҳон (UCMAS), қаҳрамон шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 14, 2017 14:05 Asia/Dushanbe
  • Духтари 8 солаи эронӣ қаҳрамони ҷаҳонии UCMAS

Саида Ҳамто Шафавӣ Муқаддам, донишомӯзи эронӣ дар мусобиқоти муҳосиботи зеҳнӣ бо чурткаи ҷаҳон (UCMAS), қаҳрамон шуд.

Мудири омӯзиш ва парвариши шаҳристони Рӯдсар (шимоли Эрон), гуфт, ин донишомӯзи дуввуми дабистон дар бисту дувумин давраи Мусобиқоти байналмилалии муҳосиботи зеҳнии чуртка, ки дар Малайзия баргузор шуд, муваффақ ба касби унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд.

UCMAS таркибе аст аз як абзори тадриси бостонӣ - чуртка - бо маҳоратҳои модерни омӯзишӣ барои пӯёӣ ва такомули кулли мағзи кӯдак, ки бо тарвиҷи ёдгирӣ ва ба таври хосс ёдгирии риёзӣ, ба унвони як ҳаяҷон ва саргармӣ талаққӣ шавад.