Декабр 15, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Хушрӯ: Намоиши сохтаи ҷадиди Амрико алайҳи Эрон бенатиҷа аст

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо радди иттиҳомоти сафири Амрико зидди Эрон дар бораи кумаки таслиҳотӣ ба нерӯҳои Яман гуфт, ин иқдом нишонаи боризи нақши мухарриб,таҳрикомез ва ғайрмасъулонаи Амрикост.

Ғуломалии Хушрӯ дар баёнияе изҳор кард, тарҳи иттиҳомоти бепояи давлати Амрико зидди ҷумҳурии исломӣ дар бораи кумаки таслиҳотии Эрон ба нерӯҳои Яман нишонгари идомаи талоши ин кишвар барои сарпӯш гузоштан ба ҷиноёти Оли Сауд дар Яман аст. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, шавоҳиду мадорике, ки Амрико рӯзи панҷшанбе дар бораи кумаки таслиҳотии Эрон ба нерӯҳои мардумӣ ва артиши Яман ба намоиш гузошт, монанди мадорики сохтае аст, ки Амрико дар гузашта борҳо дар муносибатҳои дигар бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани Эрон ироа кардааст. Хушрӯ афзуд, давлати Амрико барои таъқиби аҳдофи мухарриби худ дар минтақа  дар садади фиреби афкори умуми ҷаҳон аст, ба наҳве ки раисҷумҳури Амрико билофосила чанд соат пас аз исобати мушаки нерӯҳои Яман ба Риёз, ҳатто қабл аз тарҳи чунин иттиҳоме тавассути Арабистон Эронро дар ин робита муттаҳам кард.

Никки Ҳейли, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар баробари қатаоте, ки иддао мекард, мушакпораҳои эронӣ аст, ки барои нерӯҳои Яман ирсол шудааст, намоиши таблиғотии ҷадиде алайҳи Эрон баргузор кард. Намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид бидуни ишора ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Вашингтон аз режими Саудӣ дар таҳоҷум ба Яман, аз ҷумла фурӯши миллиардҳо доллар силоҳ барои бомбборони мардуми мазлуми ин кишвар Ҷумҳурии Исломии Эронро масъули бесуботиҳо дар минтақа баршумурд. Ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар бо баҳонаи бозгардондани Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кардааст; ҳамалоте, ки бар асари он то кунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп