Декабр 15, 2017 18:20 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба иддаоҳои зиддиэронии намояндаи Амрико дар СММ

Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои шаби панҷшанбеи намояндаи Амрико дар СММ гуфт, дар ҳоле ки Эрон аз рӯзи аввали ҷанги Яман хостори оташбас, кумаку гуфтугӯ буд, Амрико бо фурӯши силоҳ ба муттаҳидонаш куштори ғайринизомиён ва падид омадани қаҳтиро ба бор овард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуюмин паёми твиттерии худ дар вокуниш ба иттиҳомоти зиддиэронии намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид навишт, ироаи ҳар гуна санад ё ҳар гуна мадрак тавассути Амрико сарпӯше бар шарики ҷурми будан ё ҳамдастии ин кишвар дар ҷанги Яман нахоҳад гузошт.

Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ шаби панҷшанбе бо ҳузур дар баробари оҳанпораҳое, ки иддао мекард, мушакпораҳои эронӣ аст, муддаии ирсоли силоҳ аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба артишу кумитаҳои мардумии Яман шуд ва Эронро ба нақзи тааҳҳудоти байналмилалӣ муттаҳам кард. Иттиҳомоти зиддиэронии Никки Ҳейли дар ҳоле матраҳ мешавад, ки мақомоти Яман борҳо таъкид кардаанд, қудрати дифоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман комилан бумӣ ва бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи ин кишвар тавассути режими Саудӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминию обӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп