Ифтиттоҳи хатти киштиронии бандари Хуррамшаҳри Эрон - бандари Суҳори Уммон
(last modified Sat, 16 Dec 2017 14:55:43 GMT )
Декабр 16, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ифтиттоҳи хатти киштиронии бандари Хуррамшаҳри Эрон - бандари Суҳори Уммон

Хатти киштиронии Хуррамшаҳри Эрон - бандари Суҳори Уммон, 30 декабри ҷорӣ дар бандари Хуррамшаҳр (ҷануб ғарб Эрон) ифтиттоҳ мешавад.

Мӯҳсини Зарробӣ, раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Уммон гуфт, бо роҳандозии хатти киштиронии бандари Хуррамшаҳри Эрон - бандари Суҳори Уммон, бозаргонон ва тавлидкунандагони маҳсулоти содиротӣ метавонанд, маҳмулаҳои тиҷориро аз тариқи бандари Хуррамшаҳр барои ирсол ба мақосиди худ ба бандари Суҳор, ирсол ва колоҳои суфориширо ба Хуррамшаҳр ҳидоят кунанд.

Зарробӣ ҳамчунин аз роҳандозии хатти киштиронии бандари Чобаҳор (ҷанубу шарқи Эрон) ба бандари Суҳори Уммон, дар ояндаи наздик хабар дод.

Вай афзуд, пас аз таъсиси Утоқи муштараки Эрон ва Уммон дар соли 2013,  тақвияти зерсохтҳои тавсеаи тиҷорат бо Уммон, эҷоди равобити бонкӣ, тасҳил дар сабти ширкат ва ахзи раводид ва роҳандозии хутути киштиронӣ байни ду тараф, дар дастури кор қарор гирифт.

Бандари тиҷории Суҳор ба унвони яке аз муҳиммтарин бандарҳои Уммон дар шимолитарин нуқтаи ин кишвар, меҳвари иртиботӣ ва транзитии муҳимме барои Ҳинд, Покистон, Африқо ва Уқёнусия ба шумор меравад.