Набзи дипломатияи муқовимат дар Теҳрон метапад
Кишварҳои исломӣ ҳамчунон ба ройзаниҳои худ барои наҷоти Қудс аз дасисаи ҷадиди амрикоӣ – исроилӣ идома медиҳанд ва дар ҳамин росто Теҳрон ба унвони меҳвари аслии ҷараёни муқовимати исломӣ, имрӯз мизбони нишасти фавқуллодаи Кумитаи фаластинии Иттиҳодияи байнулмаҷолиси кишварҳои исломӣ аст.
Баргузории ин нишаст нишон медиҳад, ки афзун бар давлатҳои исломӣ, ки пеш аз ин дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Истанбул назари худ дар бораи интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддасро эълом карда буданд, маҷолиси исломӣ низ бар зарурати табдили Фаластин ба масъалаи аввали ҷаҳони Ислом таъкид доранд.
Маҷолиси исломӣ, ки дар бисёре аз кишварҳои минтақа намоди хости умумии миллатҳои исломӣ ҳастанд, аз ин мазият бархурдоранд, ки аз тариқи дипломатияи порлумонӣ беҳтар аз давлатҳо метавонанд хости воқеии миллатҳоро мунтақил кунанд.
Бисёре аз давлатҳои исломӣ дар ҳоли ҳозир гирифтори мушкилиҳо ва таоруфоту мулоҳизоти сиёсӣ будаву ҳозир нестанд алайҳи Вашингтону режими ишғолгари Қудс мавзеи муҳками худро эълом кунанд. Бо ин вуҷуд маҷолиси исломӣ берун аз ин муҳофизакориҳо хоҳанд тавонист бар аҳамияти наҷоти Фаластин таъкид кунанд.
Яке аз давлатҳои муртаҷеи арабӣ, ки ба назар мерасад нақши аслиро дар мавзӯи интиқоли сафорати Амрико бозӣ карда, режими Саудӣ аст. Давлате, ки Одил Ҷубайр, вазири хориҷааш расман эълом карда, барномаи оддисозии равобит бо Исроилро дорад ва бо ба роҳ андохтани сенарияҳои таблиғотӣ алайҳи Эрон саъй мекунад то мавзӯи Фаластин ва интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддасро камаҳамият ҷилва диҳад.
Пас аз Туркия, ки мизбони нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ буд ва низ Теҳрон, ки имрӯз мизбони нишасти маҷолиси исломӣ аст, Риёз то кунун ҳеч нақше дар заминаи маҳкумияти интиқоли сафорат ифо накардаву ба назар мерасад бо вуҷуди маҳкумияти зоҳирӣ, дар амал ҳеч иродае барои рӯёрӯӣ бо Вашингтону режими саҳюнистӣ надорад.
Интизор меравад, ки имрӯз дар нишасти Иттиҳодияи байнулмаҷолиси кишварҳои исломӣ мавзӯи хиёнати бархе давлатҳои арабӣ ба ормони озодии Қудс маҳкум шудаву ҳамдастони саҳюнистҳо барои иҷрои пружаи ҳазфи маконҳои муқаддаси исломӣ ба афкори умумӣ муаррифӣ шаванд.
Вашингтон, ки ин рӯзҳо дар ҳамаи ҷаҳон шоҳиди барпоии роҳпаймоӣ ва таҷаммуоти эътирозомез алайҳи худ аст, саъй мекунад то бо ба роҳ андохтани намоишҳои музҳики сиёсӣ алайҳи Эрон, афкори умумиро беш аз мавзӯи Фаластин, мутаваҷҷеҳи тавони дифоии Эрон кунад. Бо ин вуҷуд афкори умумии минтақа, ки пеш аз ин ба хубӣ дид Амрико чӣ тавр бо иҷрои сенарияҳои инҳирофӣ минтақаро ба ошӯб мекашад, дигар асири саҳнасозиҳои Вашингтон нашудаву бо бетаваҷҷуҳӣ ба мавозеи Кохи Сафед мекӯшад то ба ҳимояти худ аз мардуми Фаластин идома диҳад.
Шикасти ҳар гуна музокира бо ҳадафи созиш, расвоии Амрико ба унвони як миёнҷии хиёнаткор ва низ беобрӯии кишварҳое, ки бо ҳамаи иддаои ҳимоят аз аҳли суннат, ҷомеаи фаластиниро танҳо гузоштаанд, се раҳоварди ҳамоқати Доналд Трамп дар имзои фармони интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас аст
Иттиҳодияи байнулмаҷолиси кишварҳои исломӣ ба хубӣ метавонад бо барҷаста кардани ин дастовардҳо ва таъкид бар дифои ҳамаҷониба аз интифозаи мардуми Фаластин, монеъ аз он шавад, ки хиёнатҳои давлатҳои арабӣ масъалаи Фаластинро ба ҳошия бурдаву ба саҳюнистҳову ҳомиёни онҳо иҷоза диҳад ба ҷасоратҳои худ ба маконҳои муқаддаси мусалмонон идома диҳанд.