Шероз дар қоби Кремли Қазон; ҷилвагарии фарҳанги эронӣ дар Русия +аксҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122524-Шероз_дар_қоби_Кремли_Қазон_ҷилвагарии_фарҳанги_эронӣ_дар_Русия_аксҳо
Порс Тудей - Маҷмуаи гардишгарии Кремли Қазон, маркази Ҷумҳурии Тотористони Русия мизбони намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар ҷануби Эрон шуд.
(last modified 2025-10-22T09:21:08+00:00 )
Октябр 22, 2025 11:22 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои торихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар Қазони Русия
    Намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои торихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар Қазони Русия

Порс Тудей - Маҷмуаи гардишгарии Кремли Қазон, маркази Ҷумҳурии Тотористони Русия мизбони намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар ҷануби Эрон шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ин намоишгоҳ, маҷмуъае аз осори аккосони эронӣ шомили тасовире аз биноҳои фарҳангӣ ва торихӣ, ҳамчун ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Шоҳчароғ (а), Ҳофизия, Саъдия, Арги Каримхони Занд, Тахти Ҷамшед, Посоргод, масҷиди Вакил ва Насирилмулк, бозори Шероз ва бархе дигар аз манозири табиӣ ва фарҳангии устони Форси Эрон ба намоиш даромад.

Намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои торихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар Қазони РусияImage Caption

Бино бар ин гузориш, осори ироа шуда, гушае аз ҷилваҳои ғании тамаддуну ҳунари эронии халқ шуда дар устони Форсро дар қоби тасвир ба боздидкунандагон муаррифӣ кард,

Намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои торихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар Қазони Русия

Ин руйдоди фарҳангӣ бо ҳамкории шаҳрдориҳои Шероз ва Қазон барпо шудааст, шаҳрҳое, ки пештар тафоҳумномаи хоҳархондагӣ имзо кардаанд.

Боздиди шаҳрвандони русӣ аз намоишгоҳи акси Шероз дар Қазони Русия

Ин намоишгоҳ то 29 обони 1404 (20 ноябр) ба муддати як моҳ дар маҷмуъаи гардишгарии Кремли Қазон дар маърази диди боздидкунандагон қарор дорад.

Намоишгоҳи акс аз ҷозибаҳои торихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳри Шероз дар Қазони Русия

Дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ, Довуди Мирзохонӣ, сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қазон, аз осори ба намоиш даромада боздид кард. Мирзохонӣ дар ҳошияи ин боздид бо ишора ба аҳамияти таъомулоти фарҳангӣ миёни миллатҳо изҳор дошт: Намоишгоҳҳое аз ин даст, нақши муассире дар муаррифии фарҳанг, таъриху ҳунари Эрон доранд ва ба унвони пуле фарҳангӣ миёни миллатҳо амал мекунанд.

Вай хотирнишон кард: Шероз, ба унвони марвориди дурахшони Эрон, намоди шеър, адабу тамаддуни эронӣ аст ва баргузории чунин намоишгоҳе дар Қазон метавонад ба тавсеаи шинохти мутақобилу густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гардишгарӣ миёни ду кишвар кумак кунад.

Мирзохонӣ ибрози умедворӣ кард, бо тадовуми ин гуна руйдодҳо, замина барои тақвияти равобити фарҳангӣ ва мардумӣ миёни Эрону Ҷумҳурии Тотористон беш аз пеш фароҳам шавад.