Декабр 21, 2017 13:17 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Эрон дар Созмони Милал

Қатъномаи пешниҳодии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо унвони “Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ” барои севумин бор бо иҷмои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал дар ҷаласаи тасвиби ин қатънома, хушунат ва ифротигариро ду чолиши ҷаҳонӣ донист ва бар зарурати муқобила бо он таъкид кард.

 Ғуломалӣ Хушрӯ бо ишора ба густариши ифротгароӣ дар ҷаҳон тайи солҳои гузашта, аз ҷумла ҷинояти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, Ироқ ва дигар нуқоти ҷаҳон, хостори идомаи таваҷҷуҳи Маҷмаи умумии СММ ба ин мавзуъ шуд.

 Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал, эътидол ва таҳаммулро муассиртарин подзаҳри ифротигарӣ донист ва аз кишварҳои ҷаҳон хост то ин арзишҳоро бо ҳадафи рафъи заминаҳои зоиш ва густариши ин падидаи шум ба кор банданд.

Ӯ ҳамчунин нисбат ба муртабит шинохтани хушунат ва ифротигарӣ бо ҳар миллият ё мазҳаби хос ҳушдор дод ва афзуд, касоне, ки бо суханони нафратомез алайҳи пайравони мазоҳиби илоҳӣ, адёнро сарзаниш мекунанд, дар воқеъ бозичаи дасти террористҳо ҳастанд ва ба онҳо кумак мекунанд то идологияи ифротӣ ва мухарриби худро мунташир кунанд.

Қатъномаи “Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ” бар мабнои пешниҳоди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломӣ дар ҷараёни нахустин суханронии вай дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар декабри соли 2013 ироа шуд.

Ин пешниҳод бо раъйи қотеи намояндагони 190 кишвари ҷаҳон бидуни мухолиф ба тасвиб расид.