Декабр 25, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамвора барои дифоъ аз ҳуқуқи миллати Фаластин талош мекунад

Баҳроми қосимӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи ҳамгароии ҷаҳони ислом барои идомаи маҳкумияти иқдоми раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар эъломи Қудс ба пойтахтии режими саҳюнистӣ афзуд: Эрон ҳамеша ба мавзуи муҳиме мисли Қудс ҳассос аст ва дар муқобили иқдоми номутаорифи Доналд Трамп ба роҳҳои мухталиф талош хоҳад кард.

Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи раъйгирии Созмони милал зидди тасмими Трамп дар бораи Қудс низ гуфт: Иттифоқе, ки дар Созмони милал рух дод, нишонгари инзиво ва танҳоии Амрико дар бораи Қудси шариф аст ва давлатмардони амрикоӣ бояд бидонанд, ки бо ин шева наметавонанд ҳарфи худро ба курсӣ биншонанд.

Қосимӣ сафари отии Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба Эронро дар дастури кори ду кишвар донисту гуфт: Ҳеч шуруте дар омаду шудҳо ва равобити ҳайъатҳои дипломатии Эрону Фаронса вуҷуд надорад ва равобити ду кишвар раванди хуберо тай мекунад .

Қосимӣ дар бораи тарҳи баррасии дубораи қатъномаи 2231 дар нишастҳои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳам гуфт: Ба назар мерасад, Амрико талош мекунад, иҷмоеро зидди Эрон шакл диҳаду бо таваҷҷуҳ ба норизоятии ин кишвар дар БАРҶОМ, талош мекунад, бо коршиканӣ монеи истифодаи Эрон аз мазоёи тавофуқи байналмилалии Эрон бо панҷи ба иловаи як шавад.

Қосимӣ бо баёни инки Сенати Амрико наметавонад дар бораи БАРҶОМ мавзеъгирӣ кунад, афзуд: Марҷаи расидагӣ ба ин муҳим Ожонсии байналмилалии энержии атомист.

Ӯ дар бораи шикояти Эрон аз изҳороти зидди эронии сафири Амрико дар Созмони милали муттаҳид ҳам гуфт: Эътирози Теҳрон ба Созмони милал ироа ва сафири Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико дар Теҳрон ба Вазорати хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози Эрон эълом шудааст .