Музокироти Эрону Русия барои иттисоли кортҳои бонкии ду кишвар
(last modified Tue, 26 Dec 2017 09:52:30 GMT )
Декабр 26, 2017 14:52 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Эрону Русия барои иттисоли кортҳои бонкии ду кишвар

Мудири идораи низомҳои пардохти Бонки марказии Эрон аз музокироти ҳуқуқии Эрону Русия барои иттисоли кортҳои банкии ду кишвар хабар дод.

Довуди Муҳаммадбейгӣ афзуд: Эрону Русия дар ҳоли озмоишҳое дар заминаи ба ҳам пайвастани сомонаи кортҳои бонкии ду кишвар ҳастанд ва бонкҳои марказии Эрону Русия бояд ба тавофуқҳои мавриди ниёз дар ин замина даст ёбанд .

Муҳаммадбейгӣ гуфт: Эрону Русия ҳамчунин дар ҳоли баргузории музокироте дар бораи тавофуқномаи расмии байни бонкҳои марказии ду кишвар бо ҳадафи ғалаба бар мушкилоти ҳуқуқӣ ҳастанд .

Мудири идораи низомҳои пардохти Бонки марказии Эрон ҳамчунин гуфт: Эрон дар заминаи кортҳои эътибории байналмилалӣ ҳамакнун ҷиддитарин иртиботро бо Русия дорад ва пешбинӣ мешавад, ду кишвар дар заминаи кортҳои электронӣ низ ҳамкорӣ кунанд .