Декабр 28, 2017 20:15 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти муҷаҳҳазтарин бемористони “MS”-и Ховари Миёна дар Эрон

Бо кумаки молии як фарди некӯкор, амалиёти сохти нахустин ва муҷаҳҳазтарин бемористони беморони «MS»-и Ховари Миёна бо номи Имом Ризо(а), дар Теҳрон оғоз шуд.

   Шоҳ Ҳусайнӣ, хайири ҳавзаи саломат, ҳазинаи ин маркази дармониро, ки дар 11 табақа ва дар замине бо зербинои 12 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад, ба ӯҳда гирифтааст.

  Ин маркази дармонӣ, ки яке аз беҳтарин ва пешрафтатарин марокизи ироаи хадамот ба беморони мубтало ба «MS» аз назари хадамоти ташхисӣ, дармонӣ ва тавонбахшӣ дар Ховари Миёна ва дунё хоҳад буд, дар бемористони Синои Теҳрон сохта мешавад, ки аз қадимитарин бемористонҳои Эрон аст.

  Яке аз муҳиммтарин мушкилоти беморони «MS», ҷо ба ҷои барои дарёфти хадамоти тахассусии мухталиф аст; Аз ин рӯ, ин маркази ҷомеъ ё бемористони «MS» бо доштани бахшҳои мухталиф, монанди хадамоти аввалия, бистарӣ, тавонбахшӣ, об дармонӣ, таҳқиқот, тасвирбардорӣ ва навҷавонон, хадамоти комилеро дар қолаби як маркази ҷомеъ, ба ин беморон ироа медиҳад.