Эҳдои китоби “Масеҳ дар шаби Қадр” ба Поп ва дабири кулли СММ
Китоби “Масеҳ дар шаби Қадр” ҳамзамон бо солрӯзи мелоди Масеҳ (а) ба Поп ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эҳдо шуд.
Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони Пӯё, як интишороти эронӣ ба номи “Интишороти Саҳбо” дар остонаи соли нави мелодӣ ин китобро ба Поп Фаронсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон ва Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ эҳдо кард.
Дар номае, ки ҳамроҳи ин китоб ирсол шуда, омадааст: “Китоби “Масеҳ дар шаби Қадр” ривояти ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб -оятуллоҳ Хоманаӣ дар манозили шуҳадои масеҳӣ аз соли 1984 то 2015 аст, ки дар соли 2016 тавлид ва ба забони англисӣ тарҷума ва мунташир шудааст.
Он чӣ дар ин китоб омада, аз тарафе нишондиҳандаи эҳсоси тааллуқи ҳамватанони масеҳӣ ба кишвар ва эсоргарии онҳо дар роҳи иззати Эрон ва аз сӯйи дигар авҷи қадршиносӣ ва эҳтиром ва такрими ҷумҳурии исломӣ нисбат ба ин ҳамватанони азиз аст.
То ҷое, ки олирутбатарин мақоми кишвар солҳо зиёд пайваста дар айёми мелоди ҳазрати Масеҳ (а) ба манзили ин хонаводаи шуҳадои масеҳӣ рафтаанд ва самимона ва бидуни ташрифот бо онҳо гуфтугӯ кардаанд.