Декабр 30, 2017 17:42 Asia/Dushanbe
  • Кӯдакони эронӣ: Қаҳрамони қаҳрамонони мусобиқоти ҷаҳонии муҳосиботи зеҳнӣ

17-умин давраи мусобиқоти ҷаҳонии «Муҳосиботи зеҳнӣ бо чуртка» дар Африқои Ҷанубӣ, бо касби унвони қаҳрамони қаҳрамонон, тавассути кӯдакони эронӣ ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар ин давра аз мусобиқоти ҷаҳонӣ дар шаҳри Йоханнесбурги Африқои Ҷанубӣ, 300 кӯдак аз 21 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд, ки кӯдакони эронӣ муваффақ шуданд, унвони қаҳрамони қаҳрамонони ин мусобиқотро касб кунанд.

Чуртка василае қадимӣ аст, ки аз садҳо сол қабл аз милоди ҳазрати Масеҳ (а) токунун барои анҷоми муҳосибот бакор меравад.

Коршиносони ҳавзаи омӯзиш, аз ҷумлаи фоидаҳои ёдгирии чурткаро тавсеа ва истифода аз тамоми мағз, беҳбуди суръат ва диққат, беҳбуди ҳофиза, иртиқои халлоқият ва тамаркуз, беҳбуди эътимод ба нафс, қодир сохтани донишомӯзон ба ҳалли масоили риёзӣ дар замони кӯтоҳ ва беҳбуди қудрати тахайюли афрод, бавижа дар кӯдакон ва навҷавонон медонанд.

 

Барчасп