Декабр 30, 2017 20:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чашмгири муровидоти тиҷории Эрон ва Англия дар давраи пасо-БАРҶОМ

Тозатарин гузориши солонаи Утоқи бозаргонии Англия ва Эрон дар бораи равобити тиҷорӣ миёни ду кишвар дар солҳои ахир ҳокӣ аз он аст, ки муровидоти иқтисодии ду тараф дар давраи пасо- БАРҶОМ наздик ба 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳаҷми содироти тиҷории Англия ва Эрон дар соли 2015 милодӣ, ки 14 июл (23 тир) ҳамонсол тавофуқи БАРҶОМ ба имзо расид, аз 112.9 миллион евро ба 171.5 миллион евро дар соли 2016 милодӣ афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми равобити тиҷории ду тараф дар пайи ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, дар бозаи замонии солҳои 2011 то 2013 милодӣ, раванд инузулӣ тай карда буд. Бар асоси ин гузориш ҳаҷми содироти тиҷории Англия ва Эрон дар сол 2011 милодӣ 203.5 миллион евро баровард шуда ва ба тартиб дар солҳои 2012 ва 2013 милодӣ ба 119.6 миллион евро ва 89.4 миллион евро коҳиш ёфт.

Афзоиши дубораи муровидоти тиҷории ду тараф аз соли 2015 милодӣ токунун таъйиди он аст, ки тавофуқи ҳастаӣ ва иҷроӣ шудани БАРҶОМ, ҷони тозаеро дар колбуди равобити тиҷории ду тараф дамидааст.