Рӯҳонӣ: Душманон аз муваффақиятҳо ва пешрафтҳои Эрон асабонианд
(last modified Mon, 01 Jan 2018 15:37:17 GMT )
Январ 01, 2018 20:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Душманон аз муваффақиятҳо ва пешрафтҳои Эрон асабонианд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Муваффақиятҳои миллати Эрон дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ ва минтақаӣ душманонро асабонӣ кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз душанбе дар нишаст бо раисони комиссияҳои тахассусии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ба эътирозҳову таҷаммуъҳои чанд рӯзи ахир дар бархе манотиқи Эрон ишора карду афзуд: Нақду эътирози мардум фурсат аст на таҳдид, миллати Эрон худ посухи қонуншиканон ва ошубгаронро медиҳанд.

Дар рӯзҳои гузашта, теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон, бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое, ба адами таъини таклифи молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо ва заъфи назоратии давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯи фурсатталабону иғтишошгарон ба ошуб кашида шуд.

Раисҷумҳури исломии Эрон тасреҳ кард: Пирӯзии сиёсии миллати Эрон дар ҷаҳон аз ҷумла иҷроӣ шудани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ, муваффақият дар мубориза бо терроризм дар минтақа ва шикасти Амрико дар эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон, аз авомили бузурги душмании Амрико ва бархе аз кишварҳои ғосиби минтақа, алайҳи миллати Эрон будааст .

Рӯҳонӣ муваффақиятҳои Эронро тире бар чашми душманон ва ғайри қобили таҳаммул барои Амрико ва режими саҳюнистӣ баршумурду афзуд: Душманони Эрон ҳамвора дар паи фурсатталабӣ ва интиқомгирӣ аз миллати Эрон будаанд .

Раисҷумҳури Эрон бо баёни инки дар заминаи иқтисодӣ мушкилоте вуҷуд дорад ва наметавон инкор кард, гуфт: Миллати Эрон бо салобат, аз ин мушкилот убур хоҳад карду ба хубӣ посухи фурсатталабону иғтишошгаронро, ки ба муқаддасоту арзишҳои инқилоб тавҳин карда ва амволи умумиро тахриб кардаанд, хоҳанд дод.