Январ 03, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи сарони Эрону Туркия, ҳимояти Эрдуғон аз суботи Эрон

Раисҷумҳури Туркия дар тамоси телефонӣ бо раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, амнияту суботи Эрон, амнияту суботи Туркия аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба бархе нооромиҳои ахир дар Эрон ва низ ҳаводиси мушобеҳе, ки пеш аз ин бархе қудратҳо дар Туркия эҷод карда буданд, гуфт: Туркия суботу амнияти Эронро аз суботу амнияти худ ҷудо намедонад .

Эрдуғон бо ишора ба амалкарди расонаҳои ғарбӣ ва изҳороти мақомҳои аршади Амрико ва режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои нооромӣ дар Эрон гуфт: Мо таблиғоти расонаҳои ғарбиро дар қиболи худамон дида ва ба изҳороти такрорӣ ва мудохилаҷуёнаи афроде монанди Трамп ва Нетаняҳу одат кардаем .

Раисҷумҳури исломии Эрон низ дар гуфтугӯ бо Эрдуғон таъкид кард, ҳузури мудабирона ва оромбахши полиси Эрон дар нооромиҳои маҳдуд, нишондиҳандаи ин аст, ки Эрон ба амнияту суботи худ итминони комил дорад .

Рӯҳонӣ таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури густардаи мардум дар роҳпаймоии мухолифат бо ошуб‌гарон, Эрон амнияту оромиши комил хоҳад дошт .

Вай афзуд: Дар ҷумҳурии исломии Эрон мардум дар чорчуби қонун озоданд, то интиқоду эътирози худро баён кунанд ва давлат низ барои ҳифзи амнияти шаҳрвандон, иҷозаи иқдомоти хушунатомезу ғайриқонуниро ба сӯиистифодакунандагон нахоҳад дод .

Рӯҳонӣ ва Эрдуғон дар ин гуфтугӯ ҳамчунин бар густариши ҳамкориҳои Эрону Туркия ба хусус дар заминаи иқтисодӣ таъкид карданд .