Равобити Табрез ва Хуҷанд; Намунаи равобити самимии бародаршаҳр
Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, равобити фарҳангӣ байни ду бародаршаҳри Хуҷанд ва Табрез, аз беҳтарин намунаҳои самимияти ду шаҳр аз кишварҳои мухталиф аст.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Неъматуллоҳ Имомзода дар дидор бо шаҳрдори Табрез ва раиси Шӯрои исломии ин шаҳр, афзуд, Эрон, аз қадим барои тоҷикҳо бо номи Камоли Хуҷандӣ, шоири қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ, шинохта шуда ва Табриз, аз назари фарҳангӣ ва таърихӣ, як шаҳри арзишманд барои Тоҷикистон ба шумор меравад.
Вай унвон кард, рӯйдоди “Табрез 2018”, дорои фурсатҳои бисёр арзишманд барои густариши иртибототи фарҳангӣ ва гардишгарӣ аст ва умедворем дар сафаре, ки дар оғозин рӯзҳои ин рӯйдод, ба ин шаҳр доштаем, битавонем бо дасти пур аз ин шаҳр хориҷ шавем.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо баёни ин ки соли 2018 дар Тоҷикистон аз сӯи Пешвои миллат «Соли гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълом шудааст, гуфт, Табрез бо таваҷҷуҳ ба русум, суннатҳо ва ҷойгоҳи хосси фарҳангӣ ва гардишгарӣ, яке аз шаҳрҳои муҳим дар барномаҳои ин сол барои Тоҷикистон аст.
Имомзода ҳамчунин гуфт, ҳузури донишҷӯёни тоҷики дар донишгоҳҳои Табриз, як зарфияти муҳимми илмӣ ва иҷтимоӣ аст, ки бо идомаи ҳамкориҳо, метавонад густариш биёбад.
Созмони Ҳамкори Исломӣ, шаҳри Табрези Эронро- пойтахти гардишгарии исломӣ дар соли 2018, муаррифӣ кардааст.